Дар давраи аз 23 то 25 май дар қаламрави Тоҷикистон обуҳавои номусоид дар назар буда, аз 10-15 дараҷа поинравии ҳарорат рӯзона дар водиҳо интизорӣ меравад.
То охири ҳафта ба ҷуз ВМКБ, дар дигар минтақаҳо боронҳои шадид, эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешбинӣ мешавад, огоҳ мекунанд обуҳавошиносони ҷумҳурӣ.
Дар сомонаи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин робита огоҳӣ нашр шуда, зикр мегардад, ки рӯзҳои 22-23 май дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ (ба истиснои ВМКБ) эҳтимолияти вазидани шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 15-20м/с, авҷи он дар қисмати ҷанубии вилояти Хатлон то 24м/с ва ба амал омадани тӯфони чангу ғубор дар назар аст.
Гуфта мешавад, бо сабаби шиддатнокии шамол дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.
Рӯзи 23 май дар Душанбе ҳавои абрнок ва боридани борону жола ва эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ пешгӣ шудааст. Ҳарорат шабона 13-15 ва рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста