Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари навтаъйини Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодовро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттило Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Сироҷиддин Муҳриддин Қозидавлат Қоимдодовро ба муносибати таъйин гардиданаш ба вазифаи пурмасъулият табрик карда, ба ӯ дар пешбурди муносибатҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Ташкилоти Оғохон оид ба рушд муваффақият орзу намуд.
Гуфта мешавад, дар мулоқот инчунин роҷеъ ба масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ мубодилаи афкор сурат гирифт.
То соли 2017 Қозидавлат Қоимдодов ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Беларус, ҳамзамон дар Литва, Латвия ва Эстония ифои вазифа мекард. Соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон ба нафақа баромад.
Бунёди Оғохон оид ба рушд (АКДН) аз соли 1992 дар Тоҷикистон амал мекунад. Ташкилот дар ҳамаи вилоятҳо намояндагии худро дошта, тавассути барнома ва лоиҳаҳо наздики 3 ҳазор нафарро бо ҷойи корӣ таъмин кардааст.
Ба сохтори АКДН агентиҳое шомиланд, ки дар самтҳои гуногун - рушди иқтисодии кишвар дар маҷмӯъ ва рушди деҳот, соҳаи маориф ва эҳёи фарҳанг, ҳамчунин бахши тандурустӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ кор мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста