Бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 10-уми августи соли равон аз нав ба қайд гиранд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, хоҳиш карда мешавад, ки барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба шуъбаҳои шиносномадиҳии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.
Гуфта мешавад, тибқи дастури вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамаи шуъбачаҳои шиносномадиҳии ШВКД-ҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор шудаанд, ки реҷаи кории худро аз соати 08:00-и субҳ то соати 22:00-и шаб ба роҳ монанд.
Рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки барои ивази шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим мебошанд
Барои иваз намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
1. Шиносномаи намунаи соли 1996.
2. Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
3. Маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ).
4. Расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ШМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар карда шуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд).
5. Дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот.
6. Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ).
7. Як дона сурати сиёҳ-сафеди 3,5 х4,5 мм.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Шахром28 май, 2019 13:04
Аз хисоботи муовини ВКД дар Мачлиси намояндагон маълум гардид, ки 3000000 нафар муштарихои ширкатхои мобили бояд шиносномахои миллиашонро ба шиносномахои миллии биометри иваз намоянд. Ба фикрам ин хама бо максади гани гардонидани бучаи давлати пешбини шудааст. Чунки 3000000 нафар факат барои пластикаи шиноснома 10§ харч кунанд, ин маблаги 30000000 § си миллион долларро ташкил медихад. Ин хама ба гайр аз маблаги чаримахои меситонидашуда мебошад. Ачоиб аз соати 5 то 10-и шаб вакти кории кормандон хамчун вактбай пардохт мекарда бошад ё аз хисоби маблагхои гайриконуни ба монанди суратгири чамъоварда хисоби мешуда бошад.