Мақомоти шаҳрдории Душанбе огоҳ мекунад, ки муҳлати ба намои зоҳирии ягона овардани нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ дар пойтахт наздик мешавад.
Дар сомонаи шаҳрдорӣ дар ин робита қайд шудааст, ки то 15 июн воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ бояд бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ мутобиқ гардонида шаванд.
“Дар сурати то муҳлати муайянгардида иҷро накардани муқаррароти болозикр, нисбати ширкатҳои таксӣ ва ронандагони воситаҳои нақлиёт чораҳои дахлдор, то манъи фаъолияти онҳо андешида мешавад”, - омадааст дар маълумот.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аввалҳои моҳи январ дар бораи эълони ғолиби озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ қарор ба имзо расонид.
Мувофиқи ин қарор, ранги қисмати болоии автомашинаи сабукрави таксӣ бояд зард ва қисмати поёниаш сафед бошад. Дар ду паҳлӯи автомашина нуқтаҳои сиёҳ ва навиштаҷоти “Душанбе” ҷойгир шуда, маълумот дар бораи ширкат бо рақами телефонҳои даъват бояд дар дарҳои пеш ва реклама дар дарҳои қафо зикр шавад.
Дар озмуни эълонкардаи мақомоти шаҳрдории пойтахт оид ба таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ лоиҳаи пешниҳоднамудаи Бадриддин Қурбонов, муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ғолиб дониста шуд. Ба ӯ 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.
Ширкати “Рахш такси” аз аввалин корхонаҳое шуд, ки ба ивази ранги автомашинаҳои сабукрави мусофиркашонии худ шурӯъ намуд. Бубинед, ки симои нави таксиҳои шаҳри Душанбе чӣ гуна хоҳад буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста