Рӯзи 2 июн бар асари боришоти зиёд ва омадани сел дар пайи он сокини 18-солаи ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ба ҳалокат расид. Ӯро маҷрои сел бо худ бурда, баъди чанде ҷасадаш дарёфт мешавад.
Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ хабар дод, дар натиҷаи боришоти зиёд дар мавзеъҳои доманакӯҳ сел фаромада, 18 қитъаи замини наздиҳавлигӣ, иншооти ёридиҳанда ва пули пвайвасткунандаи деҳа бо роҳи автомобилгарди Бохтар - Душанбе осеб дидааст.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар маҳалҳо корҳои пешгирии хавфи офати табиӣ ҷараён дошта, сатҳи оби дарёҳои Элок ва Вахш мунтазам таҳти пайгирӣ қарор дорад.
Обуҳавои номусоид ба омадани сел дар як қатор ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ боис гардидаанд.
Аз ҷумла, санаи 1 июн дар деҳаи Оби Шифои ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ сел ба 70 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинон зарар расонида, таҳхонаҳои 8 манзил аз об пур шудааст.
Юсуфӣ хабар дод, ки барои роҳандозии корҳо оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита генерал-майор Рустам Шоҳиён дар ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад.
Барои тозакунии қтъа ва роҳҳо дар деҳа сарбозону афсарони қисмҳои низомии дар ноҳияи Рӯдакӣ воқеъбудаи Кумита сафарбар шудаанд.
Айни замон корҳои рафъу барқароркунӣ идома дошта, барои муайян кардани ҳаҷми зиёни расида дар маҳалҳо комиссияҳои дахлдор машғули коранд.
Зимнан зикр шуд, ки бо мақсади кам кардани зарар ба заминҳои кишт ва боғу саҳроҳо аз ҷониби Хадамоти зиддижолаи Кумита бо истифода аз мушакҳои зиддижола беш аз 30 минтақаи дорои хатари боридани жола дар қаламрави шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияҳои Хуросону Ёвон ва Кӯшониён безарар гардонида шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста