Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта кумаки бебозгаштро ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 30 млн. доллар барои беҳтар кардани зерсохтори обтаъминкунии шаҳри Душанбе тасдиқ намуд.
Грант ба амалисозии лоиҳаи дахлдор дар ин хусус аз ҳисоби воситаҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) пешниҳод мешавад, хабар дода мешавад дар сомонаи Бонки ҷаҳонӣ.
Боз 2 млн. доллари дигарро барои амалисозии лоиҳаи мазкур мақомоти шаҳрдории Душанбе ҷудо мекунад.
Мувофиқи таҳқиқоти чанде қабл доиргардида, 98% хонаводаҳои Душанбе ба сарчашмаҳои хуби об дастрасӣ доранд, лекин дар ҳамин ҳол, вақти эҳтиёҷ доштан ба об, танҳо 65%-и аҳолӣ ба он дастрасӣ доранд. Бо сабаби зербинои кӯҳнаву фарсуда, талафоти об хеле назаррас буда, ба иншоот аксар вақт хизматрасонӣ сурат намегирад.
Лоиҳаи нав дар ноҳияи Синои пойтахт - ноҳияи бузургтарини шаҳри Душанбе бо аҳолии наздики 350 ҳазор нафар амалӣ мешавад.
Таъкид мешавад, ки лоиҳа ба таҳкими имконоти ниҳодӣ бо шумули идоракунии молиявии КВД “Обу корези Душанбе” кумак мекунад.
Дар доираи лоиҳа бо мақсади сарфаи об насби обҳисобкунакҳои маишӣ низ маблағгузорӣ мешавад, ки ба ин қисмат лоиҳае низ илова хоҳад шуд, ки аз ҷониби Бонки осиёгии рушд маблағгузорӣ шудаву ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти КВД “Обу корези Душанбе” нигаронида шудааст.
Ҳамчунин дар чаҳорчӯби лоиҳа барномаи афзалиятноки сармоягузории ҳукумат оид ба барқарор ва таъмиру навсозии шабакаи обтаъминкунии Душанбе, ки 150 млн. доллар арзёбӣ мешавад, низ дастгирӣ хоҳад шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста