Роҳсозони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Тоҷикистон ба корҳои таъмиру қитъаи роҳ дар минтақаи Варзоб пардохтанд. Дар ин қитъа таъмири асосӣ (куллӣ)-и 11 километр роҳ ба нақша гирифта шуда, баҳри хушсифат иҷро шудани корҳо, 65 адад техникаву механизм, ҳамчунин 185 нафар устоҳои роҳсоз ҷалб шудаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати IRS, тибқи талаботи бахши роҳсозӣ дар навбати аввал асфалти осебдидаи роҳ бартараф, минтақаҳои фурӯрафта барқарор ва сипас роҳ яклухт асфалтпӯш карда мешавад.
“Ба шарофати масъулиятшиносӣ ва меҳнати пурмаҳсули кормандони филиали Ширкати зикршуда дар муддати кӯтоҳ асфалти роҳ дар қитъаҳои вайроншудаи роҳ бартараф гардида, мумфаршкунии яклухти роҳ оғоз гардид”, - омадааст дар маълумот.
Гуфта мешавад, таъмири роҳ бо истифода аз асфалти босифат ва дигар масолеҳи сохтмон ҷараён дошта, бо ин мақсад бояд зиёда 16 ҳазор тонна асфалт харҷ шавад.
Мо ба Варзоб рафта, аз ҷараёни ин корҳо аз наздик шинос шудем.
“Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкати IRS маҳсуб ёфта, муносибат ба он хоса аст. Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат дар робита ба ин масъала хеле баланд буда, баробари ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар роҳи Душанбе-Чанок бетаъхир чораандешӣ мешавад”, - қайд мешавад дар хабар.
Зикр мегардад, ки дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки зиёда аз 50 километр роҳ таъмири куллӣ ва зиёда аз 100 километр таъмири ҷорӣ шавад ва илова бар ин, ояндаи наздик пурра нав намудани пироҳани роҳ (манзур асфалти роҳ аст) аз авлавиятҳои роҳбарияти филиали Ширкат мансуб мешавад.
“Иқдоми мазкур идомаи мантиқии ибтикори қаблӣ буда, шаҳодати он аст, ки азми роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат баҳри нигоҳдории роҳи мавриди назар қавӣ ва нияташон нек аст. Бо мақсади эҷод накардани монеа, босуръат ва дар сатҳи хубу сифати баланд пеш рафтани ин раванд шурӯъ аз 29 майи соли равон то анҷоми таъмири роҳ аз соати 9:00 то 20:00 ҳааркати тамоми намуди нақлиёти боркаш боздошта шуд”, - гуфта мешавад дар маълумоти ширкат.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста