Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи солҳои 2021-2030 таҳия намуд, ки дар он роҳандозии омӯзиши забони русӣ ва англисӣ аз синфи якум дар мактабҳо пешбинӣ шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорат.
Дар мактабҳои Тоҷикистон айни замон омӯзиши забони русӣ аз синфи дуюм ва анлисӣ - аз синфи сеюм оғоз мегардад.
Дар Стратегия ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки дар басти воҳидҳои корӣ (штат)-и ҳамаи муассисаҳои таълимӣ вазифаи равоншинос (психолог) таъин карда шавад.
Аввали соли равон Раёсати маорифи шаҳри Душанбе эълон кард, ки барои мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ равоншиносони касбӣ меҷӯяд. Ба онҳо дар ҳаҷми 800-900 сомонӣ маош муқаррар шудааст. Айни замон дар аксари мактабҳо омӯзгорони оддӣ ба сифати равоншиносон кор мекунанд.
“Мувофиқи стратегияи зикршуда, то соли 2030 дигар набояд биноҳои садамавии мактабҳо боқӣ монад. Мактабҳо пурра бо омӯзгорони касбӣ таъмин шуда, бо озмоишгоҳҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерию лингофонӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд”, - қайд карданд дар Вазорат.
Дар хабари Вазорат дар ин робита гуфта мешавад, дар Стратегия ба масъалаҳои таъмини пурраи омӯзгорони фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, равоншиносон барои муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои синфҳои якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сохтмони пурраи муассисаҳои таълимии садамавӣ, муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳои фаннӣ ва синфхонаҳои компютерию лингофонӣ, ва аз акрредитатсияи байналмилалӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳад шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста