Тоҷикистон то ҳол дар феҳристи аз ҷониби ИМА таҳияшудаи кишварҳое қарор дорад, ки ҳукуматдорон дар онҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба озодиҳои мазҳабӣ риоя намекунанд, қайд мешавад дар гузориши ҳамасолаи озодиҳои дини дар ҷаҳон, ки дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА дар бораи озодиҳои динӣ дар соли 2018 ба нашр расидааст.
Дар гузориш гуфта мешавад, қонунгузории Тоҷикистон озодиҳои муайяни диниро маҳдуд мекунад, аз ҷумла ба шахсони синни то 18-сола иштирок дар маросимҳои дастаҷамъонаи диниро манъ кардааст.
Зикр мегардад, ки тағйироту иловаҳо ба қонун дар бораи дин, ки моҳи январи соли гузашта мавриди амал қарор гирифтанд, талаб мекунанд, ки муассисаҳои динӣ тамоми маълумотро дар бораи фаъолияташон ба давлат пешниҳод намоянд.
Муаллифони гузориш бар ин назаранд, ки тағйирот ба назорати комили муассисаҳои динӣ аз ҷониби давлат имкон дода, озодии виҷдон ва диниро маҳдуд месозанд.
Таъкид мешавад, ки Кумитаи дин аз ваколатҳои васеъ бархӯрдор аст, аз ҷумла бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ, сохтмони макони ибодат, маълумоти динӣ гирифтани кӯдакону наврасон ва паҳн кардани адабиёти динӣ.
Дар рӯйхати “кишварҳои нигаронии зиёд” ба ҷуз Тоҷикистон, Кореяи Шимолӣ, Чин, Россия, Эрон, Эритрея, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Туркманистон, Сурия, Нигерия, Покистон, Арабистони Саудӣ, Судон, ва Ветнам қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, Ӯзбекистон аз сафи кишварҳои нигарониии зиёд дар мавриди риояи озодиҳои динӣ хориҷ шудааст. Дар ин робита муаллифони гузориш изҳор доштаанд, ки тайи соли охир ҳукумати Ӯзбекистон дар самти риояи озодиҳои динӣ ба дастовардҳои муайяне ноил гардидааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста