Дар Душанбе даври интихобӣ (кастинг)-и шоуи телевизионии истеъдодҳои Central Asia’s Got Talent ҷараён дорад. Шиносоии пешакӣ бо қобилияту истеъдоди довталабон аллакай доир гардида, акнун дар Театри опера ва балет наворбардории барномаи телевизионии шоу баргузор шуда истодааст.
Садҳо нафар иштирокчиёну мухлисон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ. Бо иштирокчиён ва қобилияту истеъдоди онҳо ҳангоми наворбардории шоу дар Театри опера ва балет рӯзҳои 8-9 июл аз наздик шинос шуда метавонед. Воридшавӣ барои тамошобинон озодона аст. Он ҷо танҳо дарёфти бачаҳо бо либосҳо (футболкаҳо)-и сабз зарур буда, кофист, ки чунин суханонро бигӯед: “Истеъдод аз ту оғоз мегардад!” (Талант начинается с тебя!).
Созмондиҳандагони шоу дар Тоҷикистон Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ва шабакаи телевизионии “Сафина” буда, шарики генералӣ - “Мегафон Тоҷикистон” мебошанд.
Ин шоуи телевизионӣ дар пайравӣ ба лоиҳаи маъруфи Britain's Got Talent ("Британия истеъдод меҷӯяд") роҳандозӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон шоуи истеъдодҳои Central Asia’s Got Talent-о ташкил мекунанд. Мавсими нахустини Central Asia’s Got Talent дар шабакаҳои телевизионии «Хабар» (Қазоқистон), Zo’r TV (Ӯзбекистон), КТРК (Қирғизистон) ва ТВ "Сафина" (Тоҷикистон) намоиш дода мешавад.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки қаблан ба шоуи телевизионии Central Asia’s Got Talent ду нафар сокинони боистеъдоду қобилиятноки кишвари мо – Қадами Қурбон ва Манижа Тошболтаева таваҷҷуҳ зоҳир намуда буданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста