Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ” ҷонибдорӣ намуд, ки мувофиқи он, дар ҷараёни барӯйхатгирии аҳолӣ ҳукуматдорони кишвар шумори пайравони динҳои гуногунро дар Тоҷикистон дақиқ мекунанд.
Дар парлумон таъкид доштанд, ки беш аз 90%-и аҳолии Тоҷикистон мусулмононанд, лекин ҳадаф аз тағйироту иловаҳо муайян кардани шумори дақиқи пайравони дини ислому масеҳӣ ва дигар мазҳаб, ҳамчунин бединон (атеистҳо) аст.
Ба ақидаи яке аз муаллифони тағйироту иловаҳо, вакили палатаи поёнии парлумон Абдуҳалим Ғаффоров, ба мақомоти давлатӣ чунин маълумот барои донистани пайрави кадом дин будани шаҳрвандон ва ҳамчунин ба созмонҳои байнулмилалии ҳамкор бо ҳукумати Тоҷикистон зарур аст.
Дар маъраакаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон бори нахуст чунин савол садо медиҳад.
Дар аксари кишварҳои ҷаҳон зимни маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ саволҳо дар бораи мансубият ба дину мазҳаб вуҷуд надоранд ё ҳатмӣ нестанд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Зафар Файзуллозода, дар 86 кишвари дунё ҳангоми баргузор намудани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҳукуматдорон шумори пайравони динҳои мухталифро низ муайян месозанд.
Хотиррасон мекунем, ки маъракаи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон соли 2020 баргузор мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста