Ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар пойтахти кишвар аллакай аз пагоҳ, 6 август ба кор шурӯъ мекунанд. Дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба имзо расонид.
Мувофиқи қарори раиси пойтахт, ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар ҳамаи чор ноҳияи шаҳр ташкил карда мешаванд.
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ярмарка дар қаламрави бозори “Меҳргон”, дар ноҳияи Шоҳмансур - дар қаламрави бозори “Ховарон” ва дар ноҳияи Сино - назди маркази савдои “Сафо” ба кор оғоз мекунанд.
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ярмаркаҳо назди бозорҳои “Корвон”, “Ганҷина” ва “Панҷшер” амал хоҳанд кард.
Ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар шаҳри Душанбе то 31 август кор мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста