Овозхони маъруфи форсизабон Мансур Ҷаъфарӣ шаби гузашта ба пойтахти Тоҷикистон омад.

Ӯ дар Dushanbe Summer Fest ҳунарнамоӣ мекунад, ки рӯзҳои 17-18 август дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” баргузор мешавад.

Мансур барои сокинону меҳмонони Душанбе туҳфаи ҷолибе омода намудааст - дар доираи фестивал маросими муаррифии албоми нави ӯ доир мегардад.

Пагоҳ, 16 август ӯ дар пахши мустақими барномаи “Набзи рӯз” дар радиои Asia-Plus иштирок мекунад.

Рӯзи 17 август Мансур Ҷаъфарӣ дар чорабинии " Royal club Dushanbe" иштирок ва ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Айни замон Мансур дар ИМА зиндагӣ дошта, барои вохӯрӣ бо ҳаводоронаш бори сеюм аст, ки ба Тоҷикистон меояд. Бори охир соли 2011 ӯ аз Тоҷикистон боздид намуда буд.

Мансур Ҷаъфари Мамағонӣ овозхони форс ва амрикоӣ, оҳангсоз, актёр ва тарроҳ (моделйер) 8 июли соли 1971 дар Теҳрон чашм ба олмаи ҳастӣ кушодааст.

Сабти аввалин алобоми ӯ таҳти унвони Ferferehayeh Bi Baad зери лейбли «Caltex Records» соли 1994 ба анҷом расид.

Айни замон ӯ соҳиби 11 албоми шахсӣ аст. Ин яке аз сабтҳои охирини Мансур бо номи “Лаби сурх”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.