Аксарият дар дил нияти сафари Ӯзбекистонро доранд. Мо дар бораи чӣ гуна ҳарчи зудтару арзон ва бароҳат сафар кардан ба кишвари ҳамсоя маълумоти муфид гирдоварӣ намудем, ки бароятон аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Ба касоне, ки бо автомашинаи шахсиашон ба сафар мебароянд, арзиши боҷи суғурта зимни убури сарҳад ҳамагӣ 2 долларро ташкил медиҳад. Қаблан он ба 52 доллар баробар буд. Тоҷикистон низ меъёри ин пардохторо барои шаҳрвандони кишвари ҳамсоя бамаротиб поин бурд.
Барои касоне, ки бе автомашинаи шахсӣ ба сафари Ӯзбекистон мебароянд, якчанд тарзи сафари арзон ва бароҳатро пешниҳод мекунем.
Инак:
Душанбе - Самарқанд, 480 км
Аз Душанбе бо таксӣ метавон ба Самарқанд тариқи Панҷакент, гузаргоҳи сарҳадии “Саразм - Ҷартеппа” сафар кард, ки 6 соат вақтро гирифта, ба ҳисоби миёна 120-150 сомонӣ маблағ сарф мешавад.
Як ҷой дар таксӣ аз терминали “Маром” дар Душанбе то Панҷакент 100-120 сомонӣ нарх дорад. Аз Панҷакент бо 20-30 сомонӣ метавон то Самарқанд расид.
Ҳамчунин аз Панҷакент метавон то сарҳад рафта, бо санҷиши шиноснома сарҳадро гузашт ва аз қаламрави Ӯзбекистон бо таксӣ сафар намуд. Нархи сафар ба Самарқанд тақрибан нархи дар боло зикршуда буда, лекин зимни убури сарҳад вақтро сарфа мекунед.
Нархи хостелҳо (меҳмонхонаҳои хурд, ҷойи шабгузаронӣ) дар Самарқанд ба ҳисоби миёна 10 доллар барои 1 шабонарӯз аст.
Дар Самарқанд метавон ба тамошои Регистон, мақбараи Темурланг ва оилаи ӯ “Гӯри Амир”, ёдгориҳои таърихии “Шоҳи зинда”, Масҷиди “Ҳазрати Хизр”, “Бибӣ Хонум”, мадрасаи Улуғбек, Осорхонаи Садриддин Айнӣ ва дигар ҷойҳои тамошобоб рафт.
Ба сурати умум, барои тамошо (экскурсия)-и Самарқанд як рӯзи шумо сарф мешавад.
Душанбе - Бухоро, 540 км
Аз Самарқанд то шаҳри дигари таърихии Ӯзбекистон - Бухоро рафтан осон аст. Дар муддати 3 соат ва бо харҷи 116 сомонӣ метавонед бо қатораи тезҳаракати “Афросиёб” ё бо таксӣ дар муддати 5 соат ва харҷи 60-80 сомонӣ аз Самарқанд то Бухоро расид.
Аз Душанбе ҳам метавон ба Бухоро сафар кард. Аз терминали “Зарнисор” бо таксӣ ба маблағи 25 сомонӣ муддати 1 соат то сарҳади Ӯзбекистон - гузаргоҳи “Дӯстӣ” меравед.
Сарҳадро гузашта, бо таксӣ ба маблағи 10 сомонӣ то Деҳнави Ӯзбекистон ва аз он ҷо боз бо таксӣ бо харҷи аз 100 то 200 сомонӣ вобаста ба навъи мошин то Бухоро расида метавонед. Вақт дар роҳ - тақрибан 8 соат.
Нархи хостелҳо дар Бухоро барои 1 шабонарӯз - аз 10 доллар сар мешавад. Хостелҳо дар Бухоро хеле зиёданд - қариб дар ҳамаи ҳавлиҳо.
Дар Бухоро метавон аз мақбараи Сомониҳо, мадрасаи “Мири Араб”, “Чор Минор” ва Баҳоваддини Нақшбанд боздид намуд. Ин шаҳр боз ёдгориҳои таърихиву фарҳангии хеле зиёд дорад.
Душанбе - Тошканд, 480 км
Метавон бо ҳавопаймо сафар намуд. Бо “Сомон Эйр” ҳар ҳафта субҳи рӯзи ҷумъа - 68 доллар ва 110 доллар - рафту бозгашт ва бо “Ӯзбекистон ҳаво йӯллари” ҳар ҳафта шоми рӯзи душанбе - 81 доллар ва 159 доллар - рафту бозгашт.
Бо автомашина. Аз Душанбе то Хуҷанд: бо таксӣ: нарх - 100-120 сомонӣ ва 5 соат вақт дар роҳ; сипас аз Хуҷанд то Тошканд - 100 сомонӣ ва 3 соат дар роҳ (гузаштани сарҳад ҳам дохил аст).
Аз Хуҷанд бо автобус аз автовокзали шаҳр: автобусҳо аз соати 8 субҳ, 50 сомонӣ ва 4,5 соат вақт дар роҳ.
Роҳи дигар ба Тошканд аз Душанбе тариқи шаҳри Турсунзода: аз терминали “Зарнисор” то сарҳади Ӯзбекистон - гузаргоҳи “Дӯстӣ” бо 25 сомонӣ; сипас бо таксӣ то вокзали Сариосиё (Деҳнав) - 10-15 сомонӣ бо пули мо; аз ин ҷо бо таксӣ ба Тошканд - 120-150 сомонӣ (барои 1 нафар) ва 11 соат вақт дар роҳ.
Бо қатора (поезд) ҳам аз ин ҷо метавон ба Тошканд расид: ҷой 230 сомонӣ дар вагони платскарт ва 15 соат вақт дар роҳ. Қатораҳои ин ҷо хеле тозаву озода ва бароҳатанд.
Дар Тошканд тақрибан бо 25 доллар метавон ҷойи шабгузаронӣ дарёфт намуд.
Дар шаҳри Тошканд метавон аз Майдони Мустақилик, осорхонаи Темуриҳо, фароғатгоҳи (курорти) кӯҳии лижаронии “Чимғон”, “Баҳри Тошканд” - обанбори Чарвақ, Қуръони Қадимӣ дар масҷиди “Ҳазрати Имом”, хиёбони Арбати Тошканд боздид намуда, дар тарабхонаву қаҳвахонаҳои сершумор таъомҳои миллии болаззати ӯзбекиро тановул намуд.
Қобили зикр аст, ки дар нуқтаҳои хӯроки умумии Ӯзбекистон нархҳо қобили қабул мебошанд - дар чойхонаҳои миллӣ бо 2-3 доллар метавонед хӯрокҳои хеле болаззат хӯрда, шикаматонро сер кунед.
Роҳи сафед!!!
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.