Дар нуқтаи нави фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и ширкати “Газпромнефт” дар ноҳияи Ёвон бензини навъҳои АИ-95, АИ-92, G-Drive 92 ва ҳамчунин сӯзившории дизелӣ (солярка) ва гази моеъ пешниҳод мегардад.
Дар гӯша барои истеъмолгарон дар лавҳа шиносномаи сифати сӯзишворӣ, нишондиҳанда ва хусусиятҳои асосии бензин ва сӯзишвории дизелӣ дарҷ ёфтааст. Дар мағозаи НФС молу маҳсулот ва лавозимоти зарурӣ харидан имкон дорад.
Нуқтаи нав аз рӯи низоми пешпардохт барои сӯзишворӣ тариқи пули нақд ё корти бонкӣ кор мекунад. Барои қулай будани пардохт дар НФС терминалҳои “Бонки Эсхата”, “Спитамен Бонк”, “Алиф Сармоя” насб шуда, маблағ аз кортҳои “Корти миллӣ”, VISA ва Union Pay қабул мешавад.
Барои мизоҷони чаканаи шабака барномаи “Мо ҳамсафарем”, амал мекунад, ки ба ҷамъ кардани балл ва пардохт тариқи он барои сӯзишворӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ дар ҳамаи нуқтаҳои шабакаи НФС “Газпромнефт” дар Тоҷикистон имкон медиҳад. Барои хизматрасонии мизоҷони шарик (корпоративӣ)-и ширкат терминали пардохти ғайринақдӣ насб шудааст, ки кортҳо барои сӯзишвории “Газпромнефт”-ро қабул мекунад.
“Шабакаи НФС “Газпромнефт” доираи ҳузурашро дар вилояти Хатлон тавсеъа бахшида, ин аввалин НФС дар минтақаи ҷануб аст. Бо камоли мамнуният сӯзишвории сифаташ баланд, хӯрдании болаззат ва қаҳваи бомазза пешниҳод мекунем. Умедворем, ки ронандагон ба сатҳи хизматрасонии мо баҳои баланд дода, мизоҷони доимии мо мешаванд”, - қайд кард сардори Раёсати фурӯши чаканаи “Газпромнефт - Тоҷикистон Зуҳуриддин Файзиев.
Қобили зикр аст, ки нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Ёвон 37-ум буда, то охири сол ба нақша гирифта шудааст, ки шумори онҳо то ба 40 адад расонида шавад. Нуқтаҳои нави фурӯши сӯзшворӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе боз мешаванд.
Нуқтаи фурӯши наздиктарин ва маълумоти иловагӣ дар сомонаи www.gpnbonus.tj ё замимаи мобилии шабакаи НФС “Газпромнефт” дар Тоҷикистон, ки барои Android дастрас мебошад, қобили дарёфт аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.