Дар мавзеи шаҳри қадимии Карон таҳқиқотгарон расадхонае пайдо кардаанд, ки эҳтимол, то асри 15-и мелодӣ фаъолият мекардааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо истинод ба гуфтаҳои академик Юсуфшоҳи Яқубшоҳ, корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҶТ, дар вайронаҳои расадхона маводи гуногуни сангӣ низ дарёфт гардиданд.

“Инҳо тахтасангҳои хурдҳаҷм мебошанд, ки шаклҳои гуногуни геометрӣ доранд, - иброз доштааст академик. - Кай пайдо шуданд ва то кай фаъолият кардани ин расадхона то ҳол маълум нест, таҳқиқотҳо дар ин самт идома доранд”.
Юсуфшоҳи Яқубшоҳ гуфтааст дар солҳое, ки шоҳ дар ин Қалъа зиндагӣ мекард ин расадхона амал мекард.
Ба гуфтаи ин бостоншиноси тоҷик корҳои кофтукобӣ дар Қалъаи Карон имсол ба поён расида, дар назар аст он соли оянда идома пайдо кунад.
Гуфта мешавад, қаблан бостоншиносони тоҷик, аз қалъаи қадимаи Карон се иншооти муҳим-бурҷи оташ, боҷхона ва маъбади об пайдо карда буданд.
Шаҳри бостонии Карон, воқеъ дар ноҳияи Дарвоз тақрибан, 4 ҳазор сол пеш бунёд ёфта, ба даврони тамаддуни ориёни бостонӣ рост меояд.
Дар маҷмӯъ, минтақаи Дарвоз дорои имкониятҳои сайёҳӣ буда, бо таъриху фарҳанг, табиати нотакрор, обҳои мусаффою шифобахш ва анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста