Дар шаҳри Душанбе озмуни беҳтарин боғи пойтахт эълон шуд. Комиссияи озмунро муовини раиси шаҳр Толиб Раҳимзода роҳбарӣ мекунад.
Озмуни “Боғи беҳтарин” ба муносибати ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гузаронида шуда, на дертар аз 5 сентябр натиҷаҳояш ҷамъбаст мешаванд.
Комиссияи озмун ба ҳамаи нишондиҳандаҳои зарурии боғи муосири фарҳангу истироҳат - мавҷуд будани харакҳои нишаст, аттраксионҳо, кабудизоркунии боғ, чароғҳои рӯшноидиҳанда, хатҳои таъмин бо об ва ҳоҷатхонаҳо баҳогузорӣ мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари шуъбаи кабудизоркунии мақомоти шаҳрдории Душанбе Шералӣ Раҳмонзода.
Ҳамчунин комиссия рафтори тамошобинони боғҳо ва муносибати онҳоро ба амвол дар боғҳо мушоҳида мекунад.
Гуфта мешавад, ғолиби озмун бо дипломи махсуси мақомоти шаҳрдории Душанбе қадрдонӣ мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста