Рӯзҳои 2-13 сентябр дар шаҳри Деҳлӣ (Ҳиндустон) вохӯрии навбатии кишварҳои иштирокчии Конвенсияи СММ оид ба мубориза зидди биёбоншавии заминҳо баргузор мешавад.
“Барои Тоҷикистон, ки дар конвенсия фаъолона иштирок мекунад, кори муштарак бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти таҳияи тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва коҳиши оқибатҳои хушксолӣ, ҳамчунин тӯфонҳои региву чангӣ хеле муҳим аст”, - гуфтааст Хелга Карстен, корманд оид ба маълумоти ҷамъиятии Конвенсияи СММ оид ба мубориза зидди биёбоншавии заминҳо.
Маълумотро дар бораи пешниҳодҳои Тоҷикистон дар вохӯриии ҷонибҳо ҳамоҳангсози миллии СММ дар Тоҷикистон Назар Абдураҳмонзода шарҳу тавзеҳ медиҳад.
Дар вохӯрии ҷонибҳо баррасии натиҷаҳои баҳодиҳии глобалӣ оид ба биёбоншавӣ дар назар аст, ки ба пешниҳод ва қабули ташаббусҳои нав, таҳияи лоиҳаву барномаҳо дар самти ноил гардидан ба тавозуни безарари биёбоншавии заминҳо имкон медиҳад.
Ҳамчунин масъалаҳои дигари муҳими рӯзномаи вохӯрӣ афзоиши саҳм дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, пешбурди идоракунии оқилонаи замин, рушди муносибатҳои шарикии бисёрҷониба дар ин самт мебошанд.
Қобили зикр аст, ки на камтар аз 10%-и аҳолии сайёра дар заминҳои ба биёбон табдилёфта зиндагӣ мекунанд.
Дар Стратегияи миллӣ оид ба коҳиши хатарҳои офатҳои табиии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2019-2030 қайд мешавад, ки тайи 22 соли охир бар асари офатҳои табиӣ ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми ним миллиард доллар зиён расонида шуд.
“Дар давраи аз соли 1994 то соли 2018 дар Тоҷикистон наздики 3460 ҳодисаҳои офати табиӣ рух дод, яъне ба ҳисоби миёна як офати табиӣ дар ҳар ду рӯз”, - зикр мегардад дар Стратегия.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста