АНОНС

- Дар Душанбе Мусобиқаи 10-уми байнулмилалӣ оид ба теннис байни ҷавонони синни то 17-сола барои дарёфти Ҷоми Президент Тоҷикистон ба анҷом мерасад;

- Дар Япония Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо идома дорад. Тоҷикистонро дар он гуштигирон Хайёмиддин Ҷабборов, Беҳрӯз Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов,  Муҳаммадҷон Абдуҷалилов , Сомон Маҳмадбеков, Саидҷалол Саидов ва Шакармамад Мирмамадов намояндагӣ мекунанд.   

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  9.6882 сомонӣ;

1 евро – 10.7675 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1466 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1955 – Китоби нахустини рекордҳои Гиннес дар 198 саҳифа ба нашр расид.

2013 — Дар Душанбе бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дуюмин автодроми инноватсионии автоматишуда боз гардид.

2014 — Кормандони милитсия хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русияро дар Тоҷикистон ба гумони куштани таксирон боздошт намуданд.

1906-1975 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Иброҳимҷон Норматов.

1935-2018  – Мавлуди актёри кино Марат Орифов.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 27 август аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.