Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон кард, ки сарфи назар аз рӯзи истироҳат будани санаи 1 сентябр, дар ин рӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар Рӯзи дониш ҷашн гирифта мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, ин кор бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани «Рӯзи дониш» пеш гирифта шуда, дар ин хусус фармоиши дахлдори вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ба имзо расидааст.
“Дар банди якуми фармоиши мазкур зикр мешавад, ки бо назардошти ба рӯзи истироҳат (якшанбе) рост омадани «Рӯзи дониш» 1-уми сентябри соли 2019 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ рӯзи дарсӣ эълон гардида, 7-уми сентябри соли 2019 (шанбе) рӯзи истироҳат муқаррар карда шавад”, - қайд мешавад дар маълумоти Вазорат.
Гуфта мешавад, ба сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, директорони мактабҳои президентӣ, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дастур дода шудааст, ки иштироки хонандагону донишҷӯёнро рӯзи 1-уми сентябри соли 2019 ба дарс таъмин намоянд.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ 1 сентябр, Рӯзи дониш ба шанбе рост омада, бо вуҷуди ин, дар муассисаҳои таълимӣ ин сана ҷашн гирифта шуд. Соли 2017 низ Нуриддин Саид фармонеро ба имзо расонида буд, ки мувофиқи он хонандагону донишҷӯён санаи 1 сентябр, ки ба ҷашни Иди Қурбон дар кишвар рост омада буд, бояд ба дарс ҳозир мешуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста