Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба маълумоти мусофиронаш мерасонад, ки дар робита ба барқарор шудани фаъолияти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”, аз 2 сенятябр ба анҷоми парвоз дар хатсайрҳои SZ233 ва SZ234 бо хатсайри Душанбе - Москва (Домодедово) – Душанбе хотима мебахшад.
“Сомон Эйр” дақиқ мекунад, ки бо ин хатсайрҳо вақти парвоз аз Душанбе - соати 22:00, вақти омадан ба фурудгоҳи Домодедово - 22:25, вақти парвоз аз Москва - 00:10 ва вақти расидан ба Душанбе - 06:10 (вақти маҳаллӣ зикр шудааст) муқаррар шуда буд.
Ширкати ҳавопаймоӣ ба мусофироне, ки қаблан ба ин хатсарҳо билет харида буданд, пешниҳод мекунад, ки парвози худро ба хатсайрҳои SZ201 ва SZ202 (вақти парвоз аз Душанбе – 08:00 бо вақти маҳаллӣ, вақти парвоз аз Маскав – 11:50 бо вақти маҳаллӣ) гузаронанд.
«Ҳамаи парвозҳо бо ҳавопаймоҳои тамғаи Боинг 737-800/900 анҷом дода мешавад. Барои дарёфти маълумоти муфассал ба маркази хизматрасонӣ бо рақамҳои 44-640-40-49 ва 44-640-40-50, ҳамчунин почтаи электронии [email protected] муроҷиат карда метавонед», - хабар доданд дар ширкати ҳавопаймоӣ.
Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли равон бо сабаби боздошти парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр”, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба иҷрои парвозҳо бо хатсайрҳои SZ233 ва SZ234 шурӯъ намуд. Ҳамин тариқ, тамоми ин муддат “Сомон Эйр” ба ҷуз парвоз дар хатсайрҳои худ, парвоз бо хатсайрҳои пешини “Тоҷик Эйр”-ро ду маротиба дар як рӯз аз/ба фурудгоҳи Домодедово ба иҷро мерасонид.
Айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳамарӯза аз Душанбе ба фурудгоҳи Домодедово, ҳамчунин се парвозро дар як ҳафта ба фурудгоҳи Жуковский - рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом медиҳад. Вақти парвоз аз Душанбе ба фурудгоҳи Жуковский - 19:20 ба вақти маҳаллӣ аст.
Ҳамчунин “Сомон Эйр” имрӯз аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон мунтазам парвозҳо ба иҷро мерасонад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат аст.
Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста