Ширкати Samsung рӯзи оғози фурӯши телефонҳо бо экрани қатшаванда - Galaxy Fold-ро эълон кард. Дар Кореяи Ҷанубӣ ин телефонро метавон рӯзи 6-уми сентябр харидорӣ намуд. Рӯзи 18-уми сентябр Galaxy Fold дар Франися, Олмон ва Сингапур ба фурӯш бароварда мешавад.
Samsung алҳол хабар намедиҳад, ки смартфони нав кай дар дигар бозорҳо, аз ҷумла дар Британияи Кабир ва ИМА ба фурӯш гузошта мешавад. Тибқи баъзе маълумот, оғози фурӯш дар ИМА рӯзи 27-уми сентябр таъин шуда, лекин ширкат онро расман тасдиқ накардааст, менависад Медуза.
Нахуст оғози фурӯши Galaxy Fold моҳи апрел пешбинӣ гардида, ширкат ҳатто пешакӣ фармоишҳо қабул карда буд. Сабабҳои мавқуф гузошта шудани маросим оғози фурӯш номбар нашуда, аммо ин тасмим аз ҷониби Samsung баъди он гирифта шуд, ки журналистони телефони навро мавриди озмоиш қарордода аз вайрон шудану шикастани экран шикоят карданд.
Пешбинӣ гардида буд, ки нахуст фурӯши Galaxy Fold дар Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА баргузор мешавад. Дар бозори ИМА нархи Galaxy Fold 1980 доллар муқаррар шуда буд.
Тирамоҳи соли 2019 ҳамчунин оғози фурӯши телефони дигар бо экрани қатшавандаи Huawei Mate X дар назар буд. Нахуст онро моҳи июн ба бозор бароварданӣ буданд, лекин бинобар сабаби мушкилот бо Galaxy Fold, маросимро ба чандин моҳ мавқуф гузоштанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.