Сари Хосор: дурдаст ва пурасрор
08:00, 14 сентябр, 2019Муаллиф: Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus
Дар ин гузориши аксии Asia-Plus аз тамошои мавзеи хушманзари Сари Хосор баҳравар шавед.
Дар фарози 2100 метр аз сатҳи баҳр баландтарин шаршараи Тоҷикистон – Сари Хосор ҷойгир аст. Аксари мардум маҳз барои дидани ҳамин шаршара мераванд.Сурат: Asia-Plus
Дар як мошини боркаш 35 нафар кӯдаку пиру ҷавону зану духтар, ҳама бо худ халтаву ашёи гуногун дорем. Болои мошин ронандаи ГАЗ-66 тахтаву чӯбу тунука ҳам бор карда буд.
Ҳар хаму рост шудани мошин метавонист охирон бошад, аммо ҳеҷ яке аз ин далелҳо моро аз сафар ба шаршараи Сари Хосор бознадошт ва саъй варзидем, далелҳои ҷолибро дар бораи ин мавзеъ аз тариқи аксҳо ба шумо нишон диҳем.
Дар тамоми Балҷувон ҳамагӣ як бозор (он ҳам терминали мусофирбар) вуҷуд дорад, ки рӯзҳои якшанбе фаъол мешавад ва мардуми тамоми деҳот ба ин ҷо барои харидани маҳсулоти ниёзи худ меоянд. Роҳи Сари Хосор низ аз ҳамин бозор оғоз мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.