Ҷаҳонгарди ҷопонӣ Машу Комазакӣ чанде пеш бори дуввум ба Тоҷикистон омад. Ӯ қаблан дар яке аз ҷашнвораҳои байнулмилалӣ ширкат варзида, мафтуни навои дутор шудааст.
- Таассуроти Шумо аз сафари Тоҷикистон чӣ гуна аст?
- Ман бори дуввум аст, ки ба Тоҷикистон меоям. Шаҳри Душанбе хеле писандам аст. Хусусан, ҳавои форам ва меҳмоннавозии сокинон бароям хушоянд аст. Бори аввал соли 2018 ба ин кишвар омада будам, ки сафарам танҳо ду рӯз идома кард. Аз ин рӯ, натавонистам дар шаҳр гаштугузор кунам ва барои дӯстон туҳфа бихарам. Зимни боздиди ахир ба тамошои шаҳр баромадам. Дар хиёбони Рӯдакӣ сайр кардам. Баъдан ба Фурӯшгоҳи марказии Тоҷикистон рафтам. Дар он ҷо мағозаҳои фурӯши туҳфаҳои хотиравӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо харидорӣ кардам.
- Бори аввал мусиқии тоҷикиро дар куҷо шунидед?
- Дар ҷашновораи байнулмилалии мусиқии Бухоро ширкат варзидам. Он вақт дар намояндагии Оҷонсии ҳамкории байнулмилалии Ҷопон дар Ӯзбекистон кор мекардам. Дар ин ҷашновора навои дутори тоҷикиро шунидам ва ошиқи он шудам.
- Кай ба омӯзиши дуторнавозӣ шурӯъ кардед?
- Баъд аз он ҷашновора, ки мусиқии тоҷикиро шунидам, дар назди худ мақсад гузоштам, то навохтани дуторро аз худ кунам. Ман хатмкардаи донишкадаи мусиқӣ бо ихтисоси фортепиано дар Токио мебошам. Қаблан барои кӯдакон дарси фортепиано мегузарондам. Навохтани дуторро аввал дар Ӯзбекистон омӯхтам. Зимни омӯзиш дар он кишвар номи Сироҷиддин Ҷӯраевро фаҳмидам. Ҳунарнамоии ӯро аз Youtube тамошо мекардам. Маҳорати ӯ маро мафтун кард ва хостам навохтанро аз ӯ омӯзам. Вақте кори худро дар Ӯзбекистон ба анҷом расонидам, ба Токио баргаштам. Моҳи апрели соли 2018 дар Ҷопон ногаҳон бо Сироҷиддин Ҷӯраев вохӯрдам ва мо дар консерти ӯ ҳамроҳ ҳунарнамоӣ кардем.
- Аз Сироҷиддин Ҷӯраев кай таълим гирифтед?
- Вақте бори аввал ба Тоҷикистон омадам, каме аз ӯ дарсҳои кӯтоҳмуддат гирифта будам. Имсол низ дар сабақҳояш иштирок кардам. Донишҷӯён зимни дарс хоҳиш карданд, то барояшон дутор навозам. Вале ман дуторамро ҳамроҳ наоварда будам. Муаллим аз донишҷӯён хоҳиш кард, то бароям дутор биёранд. Баъдан навоҳои “Гелос” ва “Қалъабандӣ”-ро иҷро кардам.
- Ҳунарнамоии Шуморо донишҷӯён ва устодон чӣ хел пазируфтанд?
- Пас аз навохтану сурудан дар ҳаяҷон будам, ки онҳо ҳунарнамоии маро чӣ гуна қабул мекунанд. Зеро дар он ҷо устодон ва донишҷӯён зиёд буданд. Онҳо хеле хуб пазируфтанд ва гуфтанд: “Ту дар сатҳи олӣ иҷро кардӣ! Беҳтарин буд!”
- Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?
- Хурсанд аз онам, ки чунин таҷрибаи бой гирифтам. Мехоҳам дар оянда мусиқии тоҷикиро амиқтар омӯзам.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста