Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгорони шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазоворшуда қарор ба имзо расонид.
Барои ҳавасмандсозии омӯзгорон аз буҷети шаҳр 129 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Дар ин бора котиби матбуотии раиси пойтахт Абдумаҷид Ҳакимзода ба “Азия-Плюс” хабар дод.
“Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгорони шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазоворшуда, тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бахшида ба таҷлили «Рӯзи омӯзгорон» 43 муаллим аз мақомоти шаҳрдорӣ ҳар кадом бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ мешавад”, - гуфт ӯ.
Дар қарор ба муовинони раиси шаҳр дастур дода шудааст, ки иҷрои бандҳои онро зери назорат гиранд.
Рӯзи ҷаҳонии омӯзгор, ки ҳамасола дар зиёда аз 100 кишвар ҷашн гирифта мешавад, соли 1994 таъсис дода шуд. Асоси таърихии он Конфронси махсуси байниҳукуматӣ дар бораи мақоми омӯзгорон буд, ки 5-уми октябри соли 1966 дар Париж доир гардид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста