Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» хатсайри мавсимии Воронеж-Душанбе-Воронежро ба роҳ мемонад. Дар ин бора саҳифаи Фурудгоҳи байнулмилалии Воронеж хабар медиҳад.
“Парвозҳо ҳар рӯзи шанбе бо Airbus A320 анҷом дода мешаванд. Ин ҳавопаймо дорои 162 ҷоий нишаст мебошад”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти фурудгоҳ.
Гуфта мешавад, аз 2-юми ноябр ба ин монанд хатсайри самти Қирғизистон «Ош-Воронеж-Ош» роҳандозӣ хоҳад шуд.
Дар намояндагии «Уральские авиалинии» дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ карда, гуфтанд, ки замони оғози парвозҳо боз дақиқ мешавад.
“Аслан ифтитоҳи хатсайри самти Воронеж-Душанбе-Воронеж дар нақша буда, масъала қисман мувофиқа шудааст. Рӯзи оғози парвозҳо дақиқ мешавад”, - хабар доданд дар намояндагӣ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста