Намоиши “Қорӣ ишкамба”-и театри давлатии драмаи мусиқии Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова дар VI-умин фестивали байнулмилалии “Северные встречи” (Вохӯриҳои шимолӣ) иштирок мекунад.
Ҳунарпешаи театри мазкур Фарҳод Ғаффорпур ба Asia-Plus хабар дод, ки ин фестивал аз 24 то 27-уми октябр дар шаҳри Нижневартовски Русия баргузор мешавад.
“Ин сафари дуюми намоиши “Қорӣ ишкамба” ба хориҷ аз кишвар мебошад. Бори аввал мо дар ҳамоиши театрҳои хиёбонӣ дар Қирғизистон ҳунарнамоӣ карда будем. Сипас моро ба фестивали “Северные встречи” даъват карданд, ки ин боиси ифтихор аст. Мо дар ҷашнвораҳо танҳо барои худро нишон додан ва ғолиб омадан иштирок намекунем, балки аз таҷрибаи театрҳои дигар низ баҳравар мешавем”, - иброз дошт ӯ.
Фарҳод Ғаффорпур тоҷикони дар он шаҳр иқоматдоштаро ба тамошои спектакл даъват кард.
“Қорӣ ишкамба” дар театри шаҳрии драмавии Нижневартовск ба забони русӣ 25-уми октябр, соати 14:00 намоиш дода мешавад”, - афзуд ҳунарпеша.

Қобили зикр аст, ки намоиши “Қорӣ ишкамба” аз рӯйи асари Садриддин Айнӣ “Марги судхӯр” ба саҳна гузошта шуда, дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2019” сазовори ҷойи аввал гардида буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста