Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ қариб 960 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд.
Шумори бештари хориҷиёни ба ҷумҳурӣ дар ин давра воридшуда аз ҳамсоякишвари Ӯзбекистон – 600,1 ҳазор нафар ё худ 63,4% аз ҳаҷми умумӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар медиҳад.
Дар зинаи дуюм русиягиҳо қарордошта, шумори шаҳрвандони тӯли 9 моҳ ба Тоҷикистон воридшудаи ин кишвар 166,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар идома шаҳрвандони Қирғизистон (77,3 ҳазор нафар), Афғонистон (16,4 ҳазор), Қазоқистон (15,5 ҳазор), Чин (15,2 ҳазор), Туркия (5 ҳазор), ИМА (4,9 ҳазор), Эрон (3,9 ҳазор), Ҳиндустон ва Олмон (3,2 ҳазор нафарӣ), Украина (2,6 ҳазор), Бритониёи Кабир (2,1 ҳазор) ва дигар кишварҳо қарор доранд.
Бино ба маълумоти Агентии омор, теъдоди назарраси шаҳрвандони хориҷӣ – 811 ҳазор нафар (85,7% аз шумори умумии воридшудагон) бо мақсадҳои шахсӣ ба ҷумҳурӣ омадаанд.
Шумори шаҳрвандони транзитӣ – 26,2 ҳазор, сайёҳон – 33,3 ҳазор, шахсони бо мақсади сафари хидматӣ ва тиҷорат ташрифоварда – 0,4 ҳазор, барои кор ва таҳсил – 30,9 ҳазор ва бо дигар мақсадҳо воридшуда – 44,6 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста