Рӯзҳои 24-26 октябр дар пойтахт Намоишгоҳи байнулмилалии универсалии “Тоҷикистон – 2019. Тирамоҳ” доир мешавад.
Тавре маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар намоишгоҳи мазкур молу маҳсулоти бахшҳои энергетика, нақлиёт, саноатҳои сабук ва кимиё, кӯҳкорӣ, мошинсозӣ, металлургия, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайра ба фурӯшу маърази тамошо гузошта мешаванд.
Намоишгоҳ майдони 1000 метри мураббаъро фаро гирифта, дар он ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла, аз кишварҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Чин, Қазоқистон, Русия ва Эрон маҳсулоти худро пешниҳод мекунанд.
Маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ соати 10-и рӯзи 24-уми октябр дар маҷмааи варзишии "Манеж" баргузор шуда, ҳамин рӯз ҳамоиши сеҷонибаи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ва Белорус доир мегардад. Рӯзи 25-уми октябр боз як ҳамоиши намояндагони ширкатҳои иштирокдор барпо мешавад.
Намоишгоҳи байнулмилалии мазкур ҳамасола дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар соли ҷорӣ он дуюмин намоишгоҳ-ярмаркаи байнулмилалӣ буда, аввалаш рӯзҳои 28-31 март дар Душанбе доир гардида буд.
Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, ҳадаф аз баргузории намоишгоҳҳо таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодӣ, дастгирии соҳибкорон барои дарёфти робитаҳои тиҷоратӣ, канори ҳам овардани намояндагони доираҳои тиҷорат ва савдо, сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалию ташкилотҳои ҷамъиятӣ баҳри роҳандозии равобити мутақобилан судманд, дарёфти самтҳои нави савдо ва густариши ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста