Аз моҳи январ то августи соли равон 221,1 ҳазор нафар хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар ин бора бо истинод ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (омбудсмен)-и Русия Татяна Москалкова хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Украина, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Молдова аз ҳама бештар дар ин хусус дархост расидааст.
Шумори арзу шикоятҳои марбут ба шаҳрвандӣ ва муҳоҷират ба унвони омбудсмен кам шудааст. Москалкова инро ба тағйирот дар қонунгузорӣ вобаста донистааст, ки гирифтани шаҳрвандии Русияро барои намояндагони чанде аз кишварҳо осонтар кард.
Бино ба маълумоти ВКД Русия, тайи панҷ соли охир шумори ҳамасолаи хориҷиёне, ки ба шиносномаи Русия соҳиб мешаванд, ду баробар – аз 135 ҳазор дар соли 2013 то ба 269 ҳазор дар соли 2019 афзудааст. Соли гузашта аксариятро дар ин самт зодагони Украина (83 ҳазор), Қазоқистон (45 ҳазор), Тоҷикистон (35 ҳазор), Арманистон (27 ҳазор) ва Ӯзбекистон (21 ҳазор) ташкил додаанд.
Қобили зикр аст, ки имсол Русия гирифтани шаҳрвандиро барои мутахассисони баландихтисос осонтар кард. Шароит барои шаҳрвандони Афғонистон, Ироқ, Яман ва Сурия, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави РСФСРтаваллуд шудаанд, сабуктар гардидааст.
Ба ғайр аз ин, қонун дар бораи истифодаи расмиёти содашуда бо салоҳдиди президенти Русия мавриди амал қарор гирифт.
Чанде пеш аз рӯйи иттилои ҳукумат маълум шуд, ки дар Русия иҷозаи душаҳрвандӣ ба нақша гирифта шудааст. Дуруст аст, ки то ҳол муҳлати он зикр нашудааст. Тибқи маълумоти ВКД, аз лиҳози вуруди муҳоҷирон Русия дуюмин кишвар дар саросари дунёст. Соли 2018 шумори хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандии танҳо расман ба қайди муҳоҷират гузошташуда наздики 18 млн. нафарро ташкил додааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста