Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба 7 корманди Радиои Озодӣ иҷозаи фаъолият (аккредитасия) дод.
Салим Аюбзод, роҳбари бахши тоҷикии ин радио дар саҳифаи фейсбукии худ чунин навиштааст: “Самимона сипосгузорем аз ВКХ Тоҷикистон, ки имрӯз ба 7 корманди мо аккредитатсия дод! Кам нашавед! Тандуруст ва сарбаланд бошед!”
Зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Салим Аюбзод изҳор дошт, ки ба видео-журналистон Амриддин Олимов ва Таҳмина Ҳакимова, веб-муҳаррирон Муҳаммадвафо Раҳматов ва Наргис Ҳамробоева, хабарнигор ва наворбардори лоиҳаи телевизионии «Настоящее Время» Анӯшервон Орифов ва Насим Исомов, ҳамчунин хабарнигор Алишер Зарифӣ аккредитатсия дода шудааст.
“Дархост барои гирифтани эътиборномаҳои Мирзонабӣ Холиқзода, Шодмони Ятим, Барот Юсуфӣ ва дигар кормандон айни замон дар ВКХ баррасӣ мешавад”, - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки муддати шаш моҳ инҷониб хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки муҳлати аккредитатсияи онҳо ба анҷом расида буд, дубора онро дастрас карда наметавонистанд.
Идораи радио чандин маротиба дар ин бора ба ВКХ муроҷиат кард. Барои мулоқоти хусусӣ президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷейми Флай омада буд, аммо вобаста ба бозхонд ва надодани аккредитатсияи хабарнигорон ҳеҷ шарҳе ба даст наоварда буд.
Мирзонабии Холиқзод, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе қаблан изҳор дошта буд, ки тамоми ин муддат дафтари кории онҳо дар “ҳолати интизорӣ” кор мекард.
“Дар бораи 6 хабарнигори мо ба ин маъно ишора карда, гуфтанд: “Ба онҳо аккредитатсия дода намешавад ва онҳо метавонанд дар расонаҳои маҳаллӣ кори худро идома диҳанд. Инро ҳам бояд бигӯям, ки дар ҳоли ҳозир мақомоти Радиои Озодӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон музокира пеш бурда истодаанд. Мо умедвор ҳастем, ки шояд Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таҷдиди назар карда, як ҳаракати мусбат дар нисбати ҳамкорони мо зоҳир кунад”, - гуфта буд ӯ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста