Интиқоли барқ ба вилояти Суғд ва чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи шанбе, 2-юми ноябр маҳдуд мешавад.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз ШСХК “Барқи тоҷик” хабар доданд, ин маҳдудият аз сабаби гузаронидани корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар хатҳои баландшиддати Регар (500) - Душанбе (500)», «Ҷануб-Шимол» ва зеристгоҳи «Душанбе (500)» ҷорӣ мешавад. Интиқоли барқ аз соати 10:00 то 15:00 қатъ мегардад.
Дар ширкат зикр карданд, ки корҳои мазкур дар доираи омодагӣ ба мавсими зимистон гузаронида мешаванд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ин фосилаи вақт иншооти ҳаётан муҳим тариқи хатҳои эҳтиётӣ бо барқ таъмин хоҳанд шуд.
“Барқи тоҷик” сабаби қатъи интиқоли барқро тайи моҳи охир дар кишвар ба гузаронидани корҳои таъмиру барқарорсозӣ вобаста медонад, ки барои гузаштан ба реҷаи мавсими зимистон ногузир аст.
“Ин корҳо барои мутобиқ кардани низоми электроэнержӣ ба мавсими зимистон лозиманд. Аммо онҳо вақти зиёд нагирифта, ба наздикӣ анҷом меёбанд”, - гуфт манбаъ.
Дар ширкати “Барқи тоҷик” маълумотро дар бораи ҷорӣ кардани лимити истифодаи барқ дар ҷумҳурӣ қотеъона рад мекунанд. “Ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд. Барои таъмини пурраи кишвар бо барқ мо айни замон иқтидори зарурӣ дорем”, - илова карданд дар ширкат.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста