Намояндагони ширкатҳо бо чунин суолҳо ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат карданд: Дар кадом асос кормандони нозироти нақлиёт аз ронандагоне, ки роҳхат надоранд, ҷарима талаб мекунанд? Чаро ин варақаҳо баногоҳ барои ҳама ҳатмӣ шуда, Вазорати нақлиёт онҳоро бо пул мефурӯшад?
Дар Вазорати нақлиёт ба “Азия-Плюс” шарҳ доданд, ки ҳанӯз соли 2013 Дастури таҳия, баҳисобгирӣ, пуркунӣ ва коркарди роҳхатҳо, борхатҳои молӣ-нақлиётӣ (барои автомашинаҳои боркаш) тасдиқ шуда буд.
Зикр гардид, ки санади мазкур барои иҷрои супориши ҳукумат дар бораи роҳандозии низоми ягонаи нишондиҳандаи омории фаъолияти нақлиёт таҳия ва тасдиқ шудааст.
- Низоми мазкур барои баҳисобгирӣ ва назорати кори нақлиёту ронанда зарур аст. Мақомоти давлатӣ – Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” ва Агентии омор дар бораи ҳамлу нақли бору мусофирон, иҷрои кору хизматрасониҳо, пешрафти кори нақлиёт, хароҷоти сӯзишворӣ маълумоти оморӣ мегиранд, - гуфт муовини директори МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёти ҶТ Султонмурод Аҳмадов.

Мувофиқи Дастур, мавҷуд будани роҳхат ва борхат барои ҳамаи муассиса ва ташкилоту корхонаҳо, ки дар тавозуни худ нақлиёти автомобилӣ доранд ё автомобили иҷорагирифтаро истифода мекунанд, ҳатмист.
Ба истилоҳи дигар, қайд мекунад Аҳмедов, тамоми шахсони ҳуқуқӣ, ки ба кашонидани бору мусофирон, ҳамчунин дигар кору хизматрасониҳо бо истифода аз нақиёти автомобилӣ машғуланд, бояд роҳхат ё борхат дошта бошанд.
Аз рӯйи қонунгузорӣ, шахсони воқеӣ ба пешниҳоди чунин хизматрасониҳо дар ҷумҳурӣ ҳуқуқ надоранд. Ба гунаи мисол, барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати машғул шудан ба мусофиркашонӣ, шахсони воқеӣ бояд узви ин ё он корхона бошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста