Ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” дар бахшҳои шоирӣ, навозандаи академӣ, оҳангсоз, сарояндаи академӣ ва ровӣ муайян шуданд.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, дар номинатсияи шоирӣ Бузургмеҳри Ҳаким аз шаҳри Ваҳдат сазовори ҷойи аввал гардид. Сокини ноҳияи Тоҷикобод Сулаймони Аҳтам мавқеи дуюмро ба даст овард. Ҷойи сеюмро Назархудо Назархудоев аз ноҳияи Роштқалъа ва мақоми чорумро Санавбар Раҳимова аз шаҳри Душанбе соҳиб шуданд.
Дар бахши навозандаи академӣ ҷойи аввал насиби Ҷаннат Ҳусейнзода аз шаҳри Душанбе гардида, сокини шаҳри Хуҷанд Дилрабо Убайдуллоева сазовори мавқеи дуюм дониста шуд. Ҷойи сеюмро Улуғбек Ниёзов аз шаҳри Ҳисор ва мақоми чорумро Дилангез Бекназарова аз шаҳри Хоруғ ишғол карданд.
Дар номинатсияи оҳангсоз Зафар Турдиалиев аз шаҳри Душанбе ҷойи якум ва ба сокини пойтахт Бахтиёр Убайдзода мавқеи дуюмро ба даст оварданд. Бахтовар Давлатов аз шаҳри Душанбе ҷойи сеюмро соҳиб гардида, мақоми чорум ба Назира Ҳамдамова аз шаҳри Хуҷанд дода шуд.
Дар бахши сарояндаи академӣ ҷойи аввал ба сокини шаҳри Турсунзода Амрулло Калонов, мавқеи дуюм ба гурӯҳи “Трио” аз шаҳри Хуҷанд, ҷойи сеюм ба Ҳаётҷон Ҳамрохонов аз шаҳри Ҳисор ва мақоми чорум ба Далери Исматилло аз шаҳри Панҷакент дода шуд.
Дар номинатсияи ровӣ ҷойи аввал насиби сокини шаҳри Панҷакент Муштарӣ Сафарова гардид. Мавқеи дуюмро сокини ноҳияи Файзобод Шодмеҳр Давлатов, ҷойи сеюмро Динора Ҷабборова аз шаҳри Душанбе ва мақоми чорумро Садаф Ҷангибекова аз ноҳияи Ишкошим ба даст оварданд.
Барандаи шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” рӯзи 16-уми ноябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муайян карда мешавад. Зимнан баргузории галаконсерт ва супоридани диплому ҷоиза ба ғолибони озмун дар назар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста