Сафари ҳунарии Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский ба шаҳрҳои Русия 16-уми ноябр шурӯъ мешавад. Дар ин бора ба Asia-Plus ҳунарпешаи ин театр Хуршед Мустафоев иттилоъ дод.
Гурӯҳи эҷодии театр дар доираи ин сафари ҳунарӣ ба шаҳрҳои Тамбов ва Маскав меравад.
“Иттифоқи кормандони театрии Федератсияи Русия театри моро барои сафари ҳунарӣ ба кишварашон даъват кард. Вақте дастандаркорони Ҷашнвораи театрҳои русзабон фаҳмиданд, ки мо ба шаҳри Тамбов меравем, хоҳиш карданд, то дар ин фестивал ҳам ширкат варзем. Мо бо спектаклҳои “Тартюф” ва “Шабе дар театр” (Ночь в театре) ба сафар мебароем”, - гуфт ӯ.
Ин сафари ҳунарӣ 16-уми ноябр дар шаҳри Тамбов шурӯъ шуда, зимнан ҳар ду намоишнома пешкаши бинандагони маҳаллӣ мешавад. Сипас ҳунарпешаҳои Тоҷикистон дар Ҷашнвораи театрҳои русзабон, ки айни замон дар шаҳри Маскав ҷараён дорад, рӯзи 19-уми ноябр бо спектакли “Тартюф” ширкат меварзанд.
Дар ин Ҷашнвора ҳамчунин театрҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Гурҷистон ва Молдова ҳунарнамоӣ мекунанд.
Намоишномаи “Тартюф” аз рӯйи асари нависандаи швейтсарӣ Жан Батист Молйер таҳия шуда, коргардони он Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков мебошад.
“Шабе дар театр”-ро Хуршед Мустафоев аз рӯйи ҳикояҳои Антон Чехов ба саҳна гузоштааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста