Як ҳафта пеш дар ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” изҳор дошта буданд, ки корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳои шаҳр ба анҷом расида, дигар барқ хомӯш намешавад.
Бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ рӯзи 14-уми ноябр аз соати 09:00 то 16:00 дар як қисми кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт: маҳаллаҳои Чағатай, Армуғон ва Шафақ интиқоли барқ қатъ мешавад.
Дар торнамои расмии корхона гуфта мешавад, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ, дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад.
Расо як ҳафта пеш энергетикҳои пойтахт итминон дода буданд, ки корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳои шаҳр дигар то фасли баҳор гузаронида намешаванд ва танҳо дар ҳолатҳои садама дар шабакаҳо интиқоли нерӯи барқ қатъ мешавад.
Агар интиқоли барқ ба манзили шумо қатъ шавад, метавонед ба телефони боварии 221 66 18 занг занед.
Телефони маркази танзим (диспетчерӣ)-и “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” – 227 27 27.
Телефонҳои маркази танзими шабакаҳои барқи ноҳияҳои пойтахт:
Исмоили Сомонӣ – 227 27 23
Шоҳмансур – 227 27 21
Фирдавсӣ – 234 86 05
Сино – 236 33 19.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста