Имрӯз дар Душанбе Ҳафтаи таҳсилоти байнулмилалӣ оғоз шуд, ки аз ҷониби сафорати ИМА дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Маросими ифтитоҳи чорабинӣ бо намоишгоҳи таҳсилотӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон соати 14:00 доир мегардад.
Дар намоишгоҳ муассисаҳои зерин маълумот пешниҳод мекунанд: Шӯроҳои амрикоӣ оид ба таҳсилоти байнулмилалӣ (ACCELS), Education USA, Марказҳои амрикоӣ (American Spaces), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Маркази фарҳангии “Бактрия”, ҳамчунин сафорати Бритониёи Кабир, Ташкилоти ҷамъиятии “Пешрафт”, Илмхона, Шуъбаи ташкилоти байнулмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Дафтари кории миллии Эразмус+.
Намояндагони ҳар кадоме аз ин ташкилотҳо ҳозиринро бо барномаҳои таҳсилотӣ шинос карда, дар бораи шароиту имконот маълумот медиҳанд ва ба суолҳои иштирокдорон посух мегӯянд.
Ҳафтаи таҳсилоти байнулмилалӣ имкони табодули маълумот оид ба таҳсил дар саросари ҷаҳон мебошад. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА дар доираи талошҳо баҳри омода кардани мардуми Амрико ба муҳити глобалӣ ва ҷалби пешвоёни оянда аз хориҷа барои таҳсил, омӯзиш ва табодули таҷриба дар Иёлоти Муттаҳида гузаронида мешавад.

Тавре дар намояндагии дипломатии ИМА қайд мекунанд, барномаҳои табодули таҷриба барои рушдии тафоҳум ва эҳтиром, инкишофи пешвоӣ дар хориҷа ва саҳм гузоштан ба рушди минбаъдаи муносибатҳо байни ИМА ва мардумони кишварҳои дигар хеле муҳиманд.
Зикр мешавад, ки Ҳафтаи таҳсилоти байнулмилалӣ то 22-юми ноябр идома меёбад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста