Шаҳрдории Душанбе сарвари Боғи ҳайвонотро аз вазифа сабукдӯш кард. Ивази роҳбари он пас аз марги ду ҷонвар ва муроҷиати сокинони пойтахт бо дархости қатъи фаъолияти боғи мазкур аз сабаби шароити бади он сурат пазируфт.
Тавре ба “Азия-Плюс” кормандони ин муассиса хабар доданд, сарвари Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе Маҳмадалӣ Шарифов имрӯз аз мансаб барканор шудааст.
“Комиссияи шаҳрдорӣ санҷиш гузаронида, камбудиҳоро ошкор кард ва нимаи рӯз ба мо хабар доданд, ки сарвари боғ аз вазифа озод шудааст. Ба гумони ғолиб, ин ба шикояти шаҳрвандон дар бораи марги гавазн ва шутурмурғ вобаста аст”, - гуфтанд коргарони боғи ҳайвонот.

Дар шаҳрдории Душанбе маълумоти мазкурро тасдиқ карданд.
“Ба ҷойи Маҳмадалӣ Шарифов корманди ҳамин муассиса Маъруф Тошев сарвар таъин шуд. Сабаби ивази роҳбар камбудиҳои ошкоршуда дар кори ӯ ва ҷойивазкунии кадрии нақшавӣ мебошад”, - гуфтанд дар дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт.
Ҳамчунин зикр шуд, ки айни замон нақшаи сохтмони боғи ҳайвоноти нав дар канори шаҳри Душанбе таҳия мешавад.
“Мутахассисон якчанд лоиҳаи пешниҳодшуда, масоили тадорукотӣ ва молиявии ин масъаларо омӯхта истодаанд. Чун мавзеи муносиб интихобу дигар масъалаҳо ҳал шаванд, сохтмон оғоз мегардад”, - гуфтанд дар шаҳрдорӣ.
Қаблан як гурӯҳ фаъолон ба раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо дархости қатъи фаъолияти боғи ҳайвонот ва озод кардани бошандагони он (ҳайвонот) муроҷиат карданд. Муроҷиатномаи худро онҳо дар Facebook низ нашр карда, аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ кумак дархост карданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста