Дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” роҳбари муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” Фаррух Бӯризода итминон дод, ки кори муассиса доимо бо назардошти пешгӯии обуҳавошиносон тасҳеҳ мешавад.

“Мо ба сардиҳое, ки обуҳавошиносон рӯзҳои наздик пешгӯӣ карданд, омодаем ва итминон медиҳам, ки шабакаҳои гармидиҳии Душанбе мунтазам фаъолият хоҳанд кард”, - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, корхона пешакӣ барои гузаронидани мавсими гармидиҳӣ ҳамаи чизҳои заруриро захира кардааст.

“Хадамоти таъмиру садамавӣ шабонарӯзӣ кор карда, бо қисмҳои эҳтиётӣ, маводи сӯзишворӣ, техника ва дигар лавозимот таъминанд. Ғайр аз ин, дар ҳамаи қитъаҳои ноҳиявӣ барои гармидиҳии муътадил, пешгирӣ ва бартараф кардани мушкилот ва камбудиҳо, аз ҳисоби мутахассисон бригадаҳои зудамал ташкил карда шудааст”, - қайд кард Бӯризода.

Таъкид шуд, ки дар робита ба оғози мавсими гармидиҳӣ, дар муассиса хадамоти садамавӣ-диспетчерӣ шабонарӯзӣ фаъолият дошта, бо рақамҳои 231-75-01 ва 93 300 15 24 дастрас аст.

Бӯризода хотиррасон кард, ки мувофиқи қонун, моликони манзилҳо бояд шабакаҳои дохили манзилро дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, ба гармидиҳӣ тариқи шабакаи ягонаи манзил монеъа эҷод накунанд.

Дар мавсими зимистони имсола аз аввали моҳи ноябр ба 1749 хонаҳои истиқоматии шаҳр, 50 беморхона ва дигар иншооти тандурустӣ, зиёда аз 70 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 246 ташкилоту корхонаҳо гармӣ дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ кард, ки аз 20-уми ноябр дар ҷумҳурӣ аз сабаби вуруди антисиклони арктикӣ якуякбора ноустувор шудани вазъи обуҳаво ва сардӣ дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.