Барои кӯдакон инкишофи дурусти барвақтӣ хеле муҳим аст, то ки дар оянда иқтидори онҳо комилан рушд кунад.
Ташкилоти ҷамъиятии “Ирода” ва радиои Asia-Plus лоиҳаи ҷолиб ва хеле муфид – “Инкишофи барвақтӣ”-ро роҳандозӣ мекунанд.
Чӣ гуна метавон ба даҳҳо суол посух дарёфт, бахусус, агар кӯдак мисли дигарон инкишоф наёбаду дар кишвар мутахассисон қариб нестанд?
Коршиносони байнулмилалӣ ва маҳаллӣ ба волидон дар бораи таъмини инкишофи дурусти барвақтии кӯдак ва кумак ба ӯ баҳри минбаъд ба дастовардҳо ноил гардидан маълумоти муфид хоҳанд дод.
Инак, дар лоиҳаи нави мо дар радиои Asia-Plus (107FM) шумо аз ин масъалаҳо огоҳ шуда метавонед:
* Оё нигарон бояд шуд, агар кӯдаки Шумо на ба мисли дигарон инкишоф меёбад?
* Чӣ бояд кард, агар мушкилот мушоҳида мешаванд?
* Кай дар кӯдак ҳиссиёт, зеҳн ва нутқ ташаккул меёбад?
* Чаро синни то сесола давраи махсус шуморида мешавад?
* Истеъмоли доруворӣ дар айёми кӯдакӣ ба рушди мағзи сар таъсир расонида метавонад?
* Чаро бо кӯдак бозӣ мебояд кард? Ва чӣ гуна онро дуруст анҷом метавон дод?
* Чӣ гуна метавон душвориҳоро дар рафтори кӯдак бартараф кард?
* Мушкилоти рушдро дар давраҳои барвақтӣ чӣ хел метавон ошкор кард? Ва барои чӣ ин муҳим аст?
* Аутизм ва синдроми Даун чист?
* Таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) чист ва чаро он натанҳо барои кӯдакони инкишофашон махсус, балки барои ҳамаи касони ба ҷараён ҷалбшуда муҳим аст?
Ду маротиба дар як моҳ рӯзҳои ҷумъа дар пахши мустақими радио дар ҳамдастӣ бо Asia-Plus ҳамроҳ бо коршинсон ба даҳҳо суолҳои муҳиму рӯзмарра доир ба инкишофи барвақтии кӯдакон посухҳо ҷустуҷӯ хоҳем кард.
Мо бо мусоҳибон дар бораи ҳолатҳои мушкилоти инкишоф дар марҳилаҳои барвақтӣ, фарогирӣ ва нигоҳубину ғамхории дуруст ба кӯдакон маълумот медиҳем.
Дар доираи лоиҳа ду маротиба дар як ҳафта ба шакли конфронси видеоӣ коршиносони байнулмилалӣ ба суолҳои волидони кӯдакони инкишофашон махсус дар бораи нигоҳубину рушд ва тарбияи онҳо ҷавоб хоҳанд дод. Вебинарҳо дар Душанбе ва Хуҷанд баргузор мешаванд.
Замон ва макони баргузорӣ, ҳамчунин мавзӯи барномаҳо дар саҳифаҳои радиои Asia-Plus ва ТҶ «Ирода» дар Facebook қобили дарёфт аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.