Фардо, 29-уми ноябр дар Душанбе маросими расмии ба Тоҷикистон тақдим кардани кумаки ройгони Русия ба сифати дармонгоҳи зудамал дар заминаи автомашинаи КАМАЗ доир мешавад.
Чорабинӣ дар доираи “Барномаи кумаки техникӣ ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи пешгирӣ, назорати ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) ва дигар бемориҳи сироятӣ” баргузор хоҳад шуд, ки аз ҷониби Русия маблағгузорӣ мешавад.
Дар ин маросим иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва намояндаи ЮНЭЙДС дар Тоҷикистон М.Болтаева дар назар аст.
Ин барномаи Русия аз соли 2013 мавриди амал қарор дошта, то кунун беш аз 175 ҳазор нафар дар ин дармонгоҳҳои задамал аз муоина гузаштанд.
Ҳамчунин дар доираи амалисозии ин барномаи минтақавӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар занони ҳомиладор ва 350 ҳазор нафар муҳоҷирону аъзои оилаи онҳо аз муоинаи ВНМО ва гепатит гузашта, машваратҳои зарурӣ гирифтанд.
Аз ҳисоби маблағҳои Русия дар ҷумҳурӣ маркази маърифатии тиббӣ таъсис дода шуд, ки 1100 нафар дар онҳо таълим гирифта, 15 ҳуҷраи дӯстонаи тиббӣ амал мекунанд.
Барои амалисозии Барномаи минтақавии кумак дар солҳои 2019-2021 Русия 17,8 млн. доллар ва 300,4 млн. рубл ҷудо мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста