Дар доираи сафари расмӣ ба Ӯзбекистон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, аз маҷмааи Ҳазрати Хизр боздид кард.
Бино ба маълумоти ВАО-и Ӯзбекистон, дар ин ҷо ӯ назди оромгоҳи аввалин раисҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов дастагул гузошта, дуою фотиҳа хонд.

Шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон инчунин аз маҷмааи меъморӣ – мақбараи Имом Бухорӣ боздид кард.

Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Тошканд хабар медиҳад, то сафар ба Самарқанд шаҳрдори Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи “Миллий”-и Тошканд, ки тими “Бунёдкор” ва мунтахаби футболи Ӯзбекистон бозиҳояшонро дар он мегузаронанд, боздид кард.
Рустами Эмомалӣ бо шароити варзишгоҳ барои футболбозону тамошобинон, ҳамчунин зимни боздид аз осорхонаи варзишгоҳи “Миллий” бо аксҳои Нуриддин Амриев – футболбози собиқадори тоҷики дастаи “Пахтакор” шинос шуд.
Дар варзишгоҳ вохӯрии кории Рустами Эмомалӣ бо ноиби президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон, собиқ довари маъруфи ӯзбек Равшан Ирматов баргузор шуд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки аз моҳи апрели соли 2019 ҳамзамон роҳбарии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро ба зимма дорад, ба рушди минбаъдаи футбол дар минтақа ва ташкили вохӯриҳо байни дастаҳои минтақа изҳори умедворӣ кард.
Ноиби президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Равшан Ирматов, ки бозиҳои се чемпионати охири ҷаҳонро ҳакамӣ кардааст, ба Рустами Эмомалӣ либос (футболка)-и рақами 7-и футболбози мунтахаби Ӯзбекистонро туҳфа кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста