Имрӯз дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд 31 тонна доруворӣ, маводи ороишию гигиенӣ, хӯроквории муҳлаташ гузашта, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй набуда ва бе сертификати мутобиқат нобуд карда шуд.
Ин молу маҳсулоти пастсифатро кормандони сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд тӯли моҳҳои сентябр то декабр аз фурӯшгоҳҳои шаҳру навоҳӣ ҷамъоварӣ карда, соҳибони онҳоро ҷарима бастаанд.
Ба гуфтаи сардори сарраёсат Илҳом Ҷабборов, ҳамагӣ 974 номгӯй ба миқдори 222303 адад ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ молу маҳсулот, ки аз кишварҳои Ӯзбекистон, Покистон, Ҳиндустон, Туркиё, Русия ва Укроин ба вилоят ворид шудааст, мусодира ва нобуд гардид. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз 31 тонна маҳсулоти нобудшуда 22 тоннаашро соҳибкорони ширкатҳои гуногун бо мактуб ва ихтиёрӣ барои маҳвкунӣ супориданд.
Вай афзуд, ки моҳи августи соли ҷорӣ низ кормандони ин сохтор қариб 20 тонна маводи пастсифату тариқи қочоқ воридшуда ва муҳлати истифодаашон гузаштаро сӯзониданд.
Дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ сарраёсати мазкур зиёда 120 тонна молу маҳсулоти тиббию хӯрокворӣ ва ороишию гигиениро нобуд карда, соҳибони онҳоро ба маблағи қариб 425 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста