Пойгоҳи эъломияҳо дар бораи даромад ва амволи мансабдорони Русия “Декларатор” харитаи амволи ғайриманқули мансабдорони русро дар хориҷа таҳия кардааст. Дар он беш аз 6 ҳазор иншоот дар 75 кишвар зикр шудааст.
“Бо таҳлили маълумоти зиёда аз 270 ҳазор эъломия коршиносони “Декларатор” ба хулосае омаданд, ки амволи ғайриманқул аз ҳама бештар дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Тоҷикистон ҷойгир шудааст”, - қайд мешавад дар торнамои “Декларатор”.
Гуфта мешавад, ба даҳгонаи аввал ҳамагӣ се кишвари “хориҷи дур” шомил гардидаанд.
Тибқи маълумоти “Декларатор”, пешсафии кишварҳои пасошӯравӣ дар ин самтро низомиён таъмин мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2015 мувофиқи тағйирот ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ”, ба хизматчиёни давлатии Тоҷикистон кушодани суратҳисоб дар бонкҳои берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва пасандоз кардани маблағу чизҳои гаронбаҳо дар онҳо манъ аст. Ба ҷуз ин, хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ба харидории амволи ғайриманқул дар қаламрави кишварҳои дигар ҳуқуқ надоранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста