Дар калисои насронии Свято Николскийи шаҳри Душанбе ҳар рӯзи якшанбеи ҳафта ба ниёзмандон хӯрок дода мешавад. Ин ҷо 250 нафар ҷамъ шуда, барои ҳама хӯроки гарму болаззат кифоя аст.
“Мо ҳамаро қабул мекунем, - мегӯяд Феодора Власова, роҳбари Шуъбаи иҷтимоии калисо. - Шахсоне, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, метавонанд ба мо муроҷиат кунанд. Мо ба мансубияти диниву мазҳабӣ ва аз кадом миллат будани онҳо кор надорем”.
Хӯрокро дар ин ҷо сокини маҳаллӣ Ёрмаҳмад тайёр мекунад. Хӯрокҳо ҳар ҳафта гуногунанд.
Ба ҷуз хӯроки гарми нисфирӯзӣ, ҳар моҳ ба ниёзмандону бесарпаноҳон маҷмӯи маҳсулоти ғизоӣ ва ба беморон муворфиқи таъинот доруворӣ дода мешавад.
“Сокинони маҳаллӣ низ баҳри кумак ба ниёзмандон маҳсулоти хӯрокворӣ меоранд, аз ҷумла, макарону консерва, равған, чой, қанд ва ғайра. Мо аз инҳо барои афроди ниёзманд хӯрокворӣ тайёр мекунем”, - иброз медорад Власова.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста