Аз мақомот даъват шуд, ки ба масъалаи беасос қимат шудани он расидагӣ кунанд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар болоравии нархи чаканаи ангишт миёнаравонро гунаҳкор дониста, аз мақомоти маҳаллӣ даъват кардааст, ки ба масъалаи беасос қимат шудани ин навъи сӯзишворӣ расидагӣ кунанд.
Сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ Баҳриддин Абдураҳимзода қаблан ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки бо истифода аз фарорасии мавсими сармо шахсони ҷудогона нархи ангиштро боло бурданд.
Ба гуфтаи соҳибкорон, дар минтақаҳо як тонна ангишти истеҳсоли Тоҷикистон бо назардошти хароҷоти нақлиёт аз 800 то 1200 сомонӣ нарх дорад. Имрӯз як халта ангишти истеҳсоли Тоҷикистон, ки вазнаш 25 кило аст, дар Панҷакент – 28, Турсунзода – 23 ва Бохтар – 25 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Нархи ангишти истеҳсоли Қирғизистон 30-50 дирам гаронтар шудааст. Арзиши он низ ба хароҷоти нақлиёт вобаста мебошад. Айни замон дар Хуҷанд 1 килои ин навъи ангиштро бо нархи 1 сомониву 40 дирам, дар Турсунзода ва Бохтар – 1,80 ва дар Рашту Кӯлоб – 2 сомонӣ мехаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста