Сокинони ҷумҳурӣ шоҳиди ҳодисаи нодир шуда метавонанд.

Тавре Пажӯҳишгоҳи астрофизкии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳодисаи гирифтани офтоб бо сояи маҳтоб рӯзи 26-уми декабр, аз соати 8:34 дақиқа оғоз шуда, то соати 13:05 дақиқа идома меёбад.

Қарибиҳои соати 09:00 дақиқа гирифтани офтоб ба ҳадди ниҳоии худ расида, дар ин ҳолат сояи моҳ сеяки қисмати Офтобро мепӯшонад.

Бино ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи астрофизкии Академияи илмҳои ҶТ, мушоҳидаи гирифтани Офтоб аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ғайриимкон мебошад.

“Танҳо сокинони Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Сингапур, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Сибир ва Урал бевосита метавонанд ҳодисаи гирифтаи офтобро мушоҳида кунанд”, - иброз доштанд дар пажӯҳишгоҳ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.