“Спитамен Бонк” ва “Альфа Банк” лоиҳаи муштаракро оид ба ворид кардани маблағ ба корти бонкии низоми миллии пардохти Корти Миллӣ ба ҳама гуна бонкҳо ва кортҳои низомҳои байнулмилалии UnionPay ва VISA, ки аз ҷониби “Спитамен Бонк” бароварда шудааст, тариқи замимаи “Альфа-Банк”-и Русия роҳандозӣ карданд.
Дар робита ба афзоиши талаботи интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон, “Спитамен Бонк” фаъолона хизматгузориҳои нави дорои технологияҳои муосирро ҷорӣ сохта, бо бонкҳои пешрафтаи Русия ҳамкорӣ ба роҳ мемонад.
Шарики навбатии “Спитамен Бонк” дар амалисозии лоиҳа оид ба ворид кардани маблағҳо ба кортҳои бонкӣ “Альфа-Банк” шуд, ки аз рӯйи ҳаҷми дороиҳо, сармояи муштарак, сандуқҳои қарз ва амонат яке аз ниҳодҳои молиявии бузургарини хусусии Русия ба шумор меравад.
Дорандагони кортҳои бонкии низоми миллии пардохти Корти миллии ҳама гуна бонки Тоҷикистон ва кортҳои низомҳои байнулмилалии UnionPay ва VISA, ки аз ҷониби “Спитамен Бонк” бароварда шудааст, тавассути замимаи “Альфа-Банк” (Русия) пулҳои интиқолёфтаро дастрас карда метавонанд.
Зимни интиқоли пул ҳаққи хизматрасонӣ (комиссия) ситонида намешавад. Гузаронидани пул бо рубли русӣ ва мубодилаи минбаъда, гузаштан ба корт бо пули миллӣ (сомонӣ) дар реҷаи вақти воқеӣ сурат мегирад. Маблағи ҳадди ниҳоии як интиқоли пул 15 000 рублро ташкил дода, шумори транзаксияҳо бемаҳдуд аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Хатсайри автобус миёни Хуҷанд ва Новосибирск. Ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаи онро муайян кардем
Дар Тоҷикистон лимону сабзӣ арзон ва гӯшту шир қимат шуданд
“Модарам мехонд, ман ҳифз мекардам”. Фараҳбахш бо вуҷуди нобино будан, чӣ тавр дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ғолиб шуд?
Тоҷикистон ҳам аз хидматрасонӣ ба корти UnionPay-и “Газпромбанк” даст кашид
“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?
Баъди марги Тарона ва гузориши “Азия-Плюс”, раиси шаҳри Панҷакент дастури ҷудо кардани замин ва бунёди мактабро дод
Размикори мағлубнашудаи тоҷик Наботов барои қарордод бо UFC бо кӣ рақобат мекунад?
Муҳоҷирати корӣ ба Кувайт. Ёддошти тафоҳуми имзошуда онро чӣ гуна танзим мекунад?
“Танҳо дар тобистон барқ медиҳем”. “Барқи тоҷик” созишномаи интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро шарҳ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Вазири бахшанда ва вазири хасис”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста