Дар мактабҳои шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи  «Кӯдакии бехавф» бо ташаббуси ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон як силсила семинарҳо баргузор шуд.

Дар машғулиятҳо омӯзгорон ва волидайн дар бораи таъмини бехатарии кӯдакон бо ёрии хизматрасониҳои муосири рақамӣ маълумот гирифтанд. Тӯли як моҳ дар семинарҳо   зиёда аз 400 нафар иштирок доштанд. Қисми бештари онҳо манфиати ин гуна вохӯриҳоро  қайд намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ақидаҳои мусбати худро дар бораи  лоиҳаи оператор  баён намуданд, ки бо ин роҳ сафи ҳавасмандон афзун гардид.  Акнун ташкилкунандагон  тасмим гирифтаанд, ки  чунин семинарҳои омӯзиширо берун аз пойтахт дар ноҳияҳо низ баргузор намоянд. 


«Хизматрасониҳои муосири рақамӣ барои ҳалли ҳамарӯзаи масъалаҳои гуногун, аз ҷумла чунин масоили муҳим, ба монанди ҳимояи кӯдакон дар ҷаҳони интернет ва ҷаҳони воқеӣ кӯмак мерасонанд.    Вазифаи мо аз огоҳкунии волидайн оид ба чунин имкониятҳо, ба онҳо пешниҳод кардани доираи муайяни донишу маҳорат иборат буд. Чунин тарзи “ба якдигар” паҳн кардани маълумот – усули самараноктарин маҳсуб мешавад, зеро дар ин сурат хизматгузориҳои мобилиро шахсони аз манфиати он баҳраваршуда тавсия медиҳанд.   Баъд аз гузаронидани семинарҳо  аксари волидайн ба мо сипос баён карданд ва ҳамаи кӯшишҳои мо бо баҳои баланди омӯзгорону волидайн арзёбӣ гардиданд. Мо лоиҳаро дар ноҳияҳо идома медиҳем,  то ин ки бештари сокинони кишвар  аз  имкониятҳои нави рақамӣ огоҳ шаванд», – мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар  ш. Душанбе ва  НТМ  Парвиз Давлатов.    


 Дар марҳилаи аввали лоиҳа машғулиятҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8, 21, 32, 54 ва 56-и шаҳри Душанбе гузаронида шуданд. Кормандони МегаФон дар бораи тарофаҳои махсуси «Биё! Бехатарӣ» ва «Биё! Бехатарӣ +»  маълумот доданд.


Дар  онҳо хизматрасонии ягонаи «Kaspersky Safe Kids» дастрас буда, он ба волидайн барои назорати самараноки ҳавасмандии хонандагон ба Интернет, махсусан гирифтани маълумот оид ба сомонаҳои аз тарафи кӯдак истифодашаванда ва  муҳлати машғулшавии он дар Шабакаи ҷаҳонӣ кӯмак мерасонад.

Ғайр аз ин, дар бораи  замимаи «МегаФон Life», «Ҳамён» сухан рафт, ки барои пур кардани ҳисоби телефони кӯдак  бо истифода аз маблағҳои ҳисоби абонентӣ имконият медиҳад.   Бештари иштирокчиён аллакай дар рафти ин замимаи қулайро ба телефонҳои худ пайваст карданд. 


Баъзеи онҳо имконияти як моҳ ройгон истифода бурдани тарофаи «Биё! Кӯдакии бехавф +»-ро бо барномаи назорати волидайни «Kaspersky Safe Kids» пайдо карда, барои иштироки фаъолонаашон соҳиби шаҳодатномаҳои туҳфавии МегаФон Тоҷикистон гардиданд

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.