Дар шимоли Тоҷикистон он намоҳангу сурудҳое, ки ба воситаи телевизиону радио пешкаши мардум мешаванд, минбаъд аз назари Шӯрои бадеӣ мегузарад.
Ин масъала рӯзи 27-уми январ зимни баргузории ҷаласаи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд оид ба натиҷаҳои соли 2019 таъкид гардид.
Муовини раси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ дар ин ҷаласа аз сатҳу сифати намоҳанг ва таронаҳо изҳори нигаронӣ кард.
“Имрӯз бисёре аз сарояндагон суруду клипҳое пешкаш мекунанд, ки ба ягон талабот ҷавобгӯ нестанд. Аз матни суруду оҳанг тамошобинон, хусусан, наврасону ҷавонон ба худ чизи хуб гиранд. Вақте матнҳои сурудро гӯш мекунед, дар баъзе ҳолат умуман калимаи дурустро намеёбед. Бисёр шеърҳои сабукро намедонам, аз куҷо гирифта, оҳанг бастаанд. Ин қадар шоир ва шеърҳои беҳтарин дорем”, - гуфт Азимӣ.
Сардори Раёсати фарҳанги вилоят Бахтиёр Қосимов иброз дошт, ки барои бартараф кардани ин камбудиҳо низомномаи нави Шӯрои бадеӣ таҳия шудааст. Мутобиқи он ҳар як суруду клипе, ки бо воситаи телевизион ва радио пешкаши бинандаву шунаванда мегардад, аз назари Шӯрои бадеӣ гузаронида мешавад.
“Низомномаи нави Шӯрои бадеӣ тасдиқ мешавад. Мо ба ҳамаи муассисаҳои далхдор мактубҳо ва низомномаро мефиристем, онҳо бо он шинос мешаванд. Инчунин яке аз бахшҳои Шӯро марбут ба телевизион аст. Кормандони телевизион иштирок мекунанд, фикру андешаҳояшонро мегӯянд, ҳар як клип, ҳар як шеър, ҳар як оҳангро мутахассисон дида баромада, барои беҳтар кардани он тавсия медиҳанд”, - афзуд Қосимов.
Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 8 телевизиони хусусӣ ва 1 телевизиони давлатӣ, инчунин 6 радиои хусусӣ ва 1 радиои давлатӣ фаъолият карда, пахши суруду мусиқӣ аз ҷузъи муҳим ва асосии фаъолияти онҳо маҳсуб мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста